БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕМОРИИ СИРОЯТИИ “COVID-19”–РО ДОИМО БОЯД ПЕШГИРӢ НАМОЕМ

АНДЕША. Гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо бақайд гирифта нашуда бошад ҳам, лек моро зарур аст, ки эҳтиёткор бошем. Эҳтиёткории мо ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ба манфиати ҳар яки мо мебошад. Бемории сироятии коронавирус, ки дар муддати кӯтоҳ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон паҳн гардид, ҳамчун пандемия аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пазируфта шуда, барои пешгирии паҳншавии он дастурҳо дода шуд.

Ҳарчанд, ки ин вабо дар шароити рушду тараққиёт даъвои худро пайдо карда бошад ҳам, вале организми инсон тавонист, ки онро бартараф намояд. Барои пешгирӣ ва муолиҷа дар кишвари мо шароитҳо муҳайё карда шуда, тамоми сохторҳои дахлдор дар самти мубориза ба ин беморӣ саҳми худро гузоштанд. Бештари шаҳрвандон дар пешгирии ин беморӣ худро масъул шуморида, ба қадри имкониятҳояшон ба табибону маризон кумаки худро расониданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳассос ҷиҳати ташкилӣ беморхонаҳои муваққатӣ тадбирҳои мушаххас андешид.

Дар ҳақиқат ин беморӣ хатарнок ба беморие мубаддал шудааст, ки аҳолии кураи саёраро ба ташвиш овардааст. Дар тамоми кишварҳои тараққиёфта маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудаасту шаҳрвандон аз хона намебароянд. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷ хабари расонаҳои давлатиро гӯш медиҳанду иҷро мекунанд. Ба ин восита онҳо ин пандемияро паси сар намуданд. Баъди пурра барҳам хӯрдани низоми карантинӣ дар давлатҳои хориҷ ҳанӯз ҳам аҳолии онҳо бо ниқобу риояи қоидаҳои санитарӣ амал менамоянд. Онҳо талош доранд, ки дуюмбора ин вабо доман паҳн накунад.

Кишвари азизи мо низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани бемории сироятии мазкур тамоми чораҳоро андеша намуд. Аз корҳои безараргардонӣ то таъминоти доруворӣ ва ташкилӣ беморхонаҳои муваққатӣ чораҳо андешида, ҳатто нафароне, ки дар ин ҷода мубориза мебаранд кумаку дастгириҳо кард. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шоҳиди ҳол мегардем, ки вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Умеду боварии комил аст, ки дар муддати кӯтоҳ ин беморӣ аз байн меравад.

Аз ин лиҳоз ман аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба овозаҳо бовар накунанду қоидаҳои тозагиро риоя намуда, худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд. Дар шароити кунунӣ, ки барои пешгирии он ваксина ихтироъ кардаанд, истифода баранд. Доимо аз иштирок дар  ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.

Мо бояд мунтазам ба солимии бадани худ диққати ҷиддӣ дода, аз хӯрокҳои серғизо истифода барем ва ба аъзои оилаи худ низ таъкид намоем, ки барои эмин нигоҳ доштан аз бемориҳои сироятӣ талаботи қоидаҳои санитариро риоя намоянд.

Мирзоев Сафаралӣ,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg