Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ҷамоати шаҳраки Гулистон дар деҳаи Авдаксойи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони мактаб идома дошта, сохтмончиён нақша доранд иншооти мазкурро то рӯзи ҷашн сохта ба истифода диҳанд.
Бояд гуфт, ки соҳибкорони маҳаллӣ пайваста аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар ободию пешрафти як гӯшаи диёр саҳми назарраси хешро мегузоранд.