БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДИ НЕК БОҒИ ПАДАР....

АНДЕША. Нахуст таълиму тарбияи фарзанд аз оила оғоз мешавад. То замоне, ки одам зинда аст, аз таълим додани фарзандон бояд дар канор намонад. Аз давраҳои қадим таълим ва тарбия вуҷуд дошта, то замони мо бо тарзу усулҳои хоси замони муосир омада расид.

Имрӯз таълиму тарбия нисбатан мураккабтар шуда, дар масъалаи муносибат ба фарзанд эҳтиёткорӣ ва ҷиддӣ будани падару модарро талаб мекунад. Тамоми роҳу воситаҳое, ки имрӯз барои фаъолгардонии қувваи фикрӣ ва ақлонии кӯдакон мавҷуданд, аз онҳо бояд самаранок истифода кард.

Дар зиндагӣ инсон бояд илму дониш андӯзад, бомаърифат шавад, аз рӯйи аклу фаросат роҳи дурустро интихоб намояд. Худо зиндагиро барои инсон чун гузаргоҳе офарида буд ва инсон аз ин гузаргоҳ тавре бояд гузарад, ки хислатҳои неки инсониро ба худ гирад. Яке аз ин хислатҳои неки инсонӣ ба камол расонидани фарзанди нек аст. Шоир дар ин бора чунин фармудааст:

Фарзанди нек боғи падар,

Фарзанди бад доғи падар.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ ба воя расанд. Ба равияҳои тундгароӣ, террористиву экстирмистӣ ҳамроҳ нашаванд. Аз кирдорҳои зишту номатлуб канора ҷӯянд. Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон ирода ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад.

Ба андешаи ман падару модаронро зарур аст, ки барои такомули маънавии фарзандони худ ҷаҳони фарҳангию маърифатии онҳоро ғанӣ гардонанд. Барои бомаърифат гардидани фарзандон волиданро мебояд, дар шароити хона китобхонаи алоҳида иборат аз намудҳои мухталифи китобҳо таъсис диҳанд. Зеро маҳз таваҷҷуҳ ба китоб аст, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвари азизамон нақши муассир дорад.

Яке аз роҳҳои дигари тарбияи ҳадафмандонаи насли наврас рӯ овардани онҳо ба технологияи муосири замон мебошад. Истифодаи бамавриди воситаҳои технологӣ, махсусан Интернет доираи ҷаҳонбинии насли наврасро васеъ намуда, зираку доно ва инчунин шахси пешрафта мегардонад. Аммо, дар ин самт бояд аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва волидон назорати қатъӣ бурда шавад, то ин ки меъёрҳои истифодаи воситаҳои техникӣ риоя гардад.

Замони муосир талаб мекунад, ки аҳли ҷомеа, устодону омӯзгорон, волидон дар тарбия ва ба воя расонидани насли соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии пешрафта кӯшиши зиёд намоянд, то ин ки наврасону ҷавонон насли ватандӯсту ватанпарвар, ҳомии марзу буми кишвар, насли босадоқату босаодати миллат ба воя расанд.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg