БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

76-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

АНДЕША. Чуноне ки мо аз таърих огаҳӣ дорем ва медонем ҳамасола шурӯъ аз 9-уми майи соли 1945 дар кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи ғалаба бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.  Рӯзи ғалабаро хурду бузурги Тоҷикистон  дар як сатҳи зарурӣ таҷлил намуда, ҳукумати кишвар ҳафтаи аввали моҳи майро ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба руҳу арвоҳи гузаштагони ин ҷанги хонумонсӯз  ҳамчун ҳафтаи «Поси хотир» эълон доштааст. Дар давоми ҳафта тамоми хурду бузурги меҳан бо як руҳияи болида, дили гарм ба ояндабинии  босаодати зиндагӣ ва далериву ғурури ҷавонмардӣ ба қабристонҳо ва мавзеъҳои таърихӣ рафта, шанбегиҳо ташкил намуда, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр менамоянд. Дар як навбат аз далериву шермардии қаҳрамононе,ки дар  набардҳои хунини ин  ҷанги даҳшатбор иштирок варзида буданд, қиссагӯи намуда, аз онҳо ба некӣ ёдоварӣ менамоянду дар сари қабри онҳо ҷиҳати арҷ гузоштан гулчанбарҳо мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ноҳия Шамсиддин Шоҳин низ дар қатори дигар ҷавонмардони он давру замони шаҳру навоҳии Тоҷикистони Шӯравӣ беш аз ҳафтсад нафар ширкат варзида, қисмати зиёди онҳо беному нишон ва ба Ватан барнагаштаанд. Лекин мо сокинон бо ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳафтаи «Поси хотир»-у ёдоварӣ ҳаргиз намегузорем,ки руҳу арвоҳи онҳо аз мо пайравонашон нороҳат гардад ва  онҳо ҳамеша дар хаёлу хотиротамон зиндаву ҷовид боқӣ мемонанд.

Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ҷашнвораҳои милливу давлатӣ 9-уми май ҳамчун «Рӯзи ғалаба» дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил карда мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми тоҷику тоҷикистониён ва дар симои онҳо тамоми миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба муносибати 76-умин солгарди «Рӯзи ғалаба» табрик ва муборакбод менамоям.

Малоҳат Қурбонова,  сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ»   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg