БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманд ва бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ва 76  солагии Ғалабаи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҳисоби  корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  Бобомуродов Манучеҳр бо мақсади хайру сахо дар доираи Аксияи ҳизбии “Пешвои миллат-ғамхори мо ҷавонон!” ба ду нафар маъюб аз ҷамоатҳои шаҳраки Бохтариён деҳаи Дӯстӣ, Касирова Нилуфар ва аз ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол деҳаи К.Гулов, Саидалиев Муродалӣ кумаки яквақтаинаи маводи хӯрокворӣ  расонида шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни расонидани кумак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон, масъулин, Касирова Нилуфар ва Сайдалиев Муродалиро ба таҷлили иди Рамазон табрик гуфта, таъкид доштанд, ки маъюбон ҳамеша таҳти дастгирӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg