КӮШОНИЁН. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан на танҳо шараф, балки масъулияти баланд низ мебошад.
Имрӯзҳо нақши фаъолонаи аъзои ҲХДТ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
Яке аз узви фаъоли ҲХДТ Зайниддинов Меҳроҷиддин мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои нафақааш дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 - и ноҳияи Кӯшониён саҳми беандозаи худро гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки аксияи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.