КӮЛОБ. Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” конференсияи илмӣ-назариявии профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2020 доир гардид.
Дар конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, аъзои Кумитаи иҷроия, директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб – Ниёзӣ А. М. ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти кори конференсия яке аз аъзои фаъоли ҳизб, муовини директор оид ба илм ва татқиқоти донишкада, н.и.и., дотсент – Мирсаидов Муҳаммаднаим ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки конференсияи мазкур дар доираи “Ҳафтаи илм” дар донишкада роҳандозӣ гардида, бо дарбаргирии 16 бахш то санаи 30.05.2021 идома хоҳад ёфт.