КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷи дониш” бо иштироки роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Обидзода Саймуҳаммад, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева, намоянда аз Кумитаи дин ва танзим Рӯзихон Ғуломов ва афсари Коллеҷи миллитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб Меҳрубони Ҷумъа мизи мудаввар дар мавзӯи “Омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ” баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур аз ҷониби ҳозирин қайд гардид, сабаби шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ин кофӣ набудани дараҷаи саводнокӣ, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва паст будани маданияти сиёсии онҳо шаҳодат медиҳад.
Инчунин, аз ҷониби ҳозирин таъкид карда шуд, ки ба қадри ин неъматҳои бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бояд расид ва онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт.