БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТӢ МИЁНИ ХАЛҚҲОИ МИНТАҚА ТАНҲО САОДАТУ ХУШБАХТӢ МЕОРАД

ВОКУНИШ. Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинони ҳарду тараф гардидааст. Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, ин ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Тавре, огаҳӣ дорем муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёнӣ ба ҳукумати марказӣ итоат намекунад?. Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидон аст. Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ.

Мирзохониён Искандар, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg