БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД...

ЁВОН. Бо пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 76-солагии иди Ғалаба дар ҶБВ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дарвешов Хӯҷа кумакҳои яквақтаина расонида шуд.

Кумак асосан аз маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон иборат буда, дар назди хизматҳои ин марди наҷиб қатраест аз оби дарё.

Ҳамзамон, дар рафти аёдат ҳамроҳи намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб волонтёрон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, аз аҳволи бобои Хӯҷа пурсон гардиданд. Бояд ёдовар намоем, ки Дарвешов Хӯҷа ягона нафаре мебошад, ки аз иштирокчиёни ҷанг дар ноҳияи Ёвон боқӣ монда, даврони пирӣ меронад ва ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ кӯшиш менамоянд, ки дар арафаи ин ҷашн ба аёдати ин шахсияти наҷиб ташриф оваранд.                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg