БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВИЧ/СПИД ЭҲТИЁТ БОШ!

ЁВОН. Бо мақсади расонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандон ва аъзои гурӯҳи табдиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо сокинон  суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Дар вохӯрии мазкур эмомхатибон, раисони Кумитаҳои маҳал, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонону занон иштирок доштанд.

Маҷлисро раиси ҷамотаи деҳоти Ситораи Сурх, Солиев Маҳмадрасул  кушода, ҳозиринро бо аҳли толор муаррифӣ намуда, рӯзномаи матраҳшавандаи маҷлисро ба ҳозирин фаҳмонид.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалияиноки фаъолияти  ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ директори маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО М.Буриев иштирок ва суханронӣ намуда, дар баромади хеш оид ба пешгирии бемории ВНМО сухан намуда, иброз дошт, ки ин бемории сироятӣ буда, табобат нашаванда аст.

Бинобар ин аз ҳамаи фаъолони ҷамоат даъват ба амал оворда шуд, ки дар байни сокинон, хосса ҷавонон корҳои тарғиботиро ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg