БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ДӮСТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои Ҷумҳуриявии «Нақши китоби Тоҷикони Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ», "Илм-фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон- Ватани азизи ман" миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрӣ доир гардида, фаъолона иштирок кардани онҳоро дар ин озмунҳои муҳим тавсия медиҳанд.

Кормандони масъули ҳизбӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо толибилмон суҳбату вохӯрӣ доир карда, моҳияти озмунҳо, баланд бардоштани завқи китобхонию навоварӣ ва мақсади баргузории озмунҳои мазкурро ба онҳо мефаҳмонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg