ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" вохӯрӣ доир карданд.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла айни замон мо, ки дар арафаи иди шарифи Рамазон қарор дорем, дар бораи гирифтани пеши роҳи харҷу сарфи беҳуда, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ ва ғайраҳо андешаронӣ карда, онҳоро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд. Сипас, ба кормандони ҷавони соҳаи маориф, ки ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, билетҳои ҳизбӣ ботантана тақдим карда шуд.