ДӮСТӢ. Суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ, ихтиёран ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарҳу тавзеҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" доир гашта истодааст.