БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ МЕҲТАРОНИ ҶАНГ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ

ДАНҒАРА. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Бо ҳамин нияти нек масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба муносибати 76 – умин  солгарди иди Ғалаба  ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шарипов Гул,   ки дар  ҷамоати деҳоти Исмат Шариф деҳаи Дурахшон зиндагӣ мекунад,  рафта аз ҳолу саломатии он бархурдор гардиданд.

Масъулин саравал 76 – умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ин марди шуҷоъ, бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намудааст, баҳри ҳифзу ҳимояи миллату давлати хеш хизмат  намудааст табрику муборакбод намуда, тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно намуданд ва инчунин,  маводҳои хӯрока, аз қабили орд равған ва дигар маводҳои ғизоиро ҳамчун кумак расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg