БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҶО ОВАРДАНИ ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР ВАЗИФАИ ҲАР ШАХС АСТ

БОХТАР. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 –и шаҳри Бохтар  вохӯрӣ бо хонандагон ва волидони онҳо доир карда шуд.

Дар  вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи маориф, ШВКД-и шаҳри Бохтар, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Баромадкунандагон  вобаста ба  стратегия давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ,,Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд'', ,,Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва тарғиби озмунҳои Ҷумҳуриявии ,,Фурӯғи субҳи доноӣ китоб '' , ,,Тоҷикистон- Ватани азизи ман" ,,Илм фурӯғи маърифат”, дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ, коҳиш додани қонуншиканиҳои миёни  ноболиғон, бо меҳнати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ғайра ибрози назар карданд.

Масъулин зимни суҳбат зикр карданд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бо умеди зиндагии осоиштаи мардуми заҳматкаши кишвар дар ҳаёт татбиқ намудани ин қонунро амри воқеӣ мешуморанд. Дар баробари кўшиш баҳри ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳар як фарди бедордили миллати кўҳанбунёди тоҷик мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg