ВОКУНИШ. Рӯзҳои охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қириғизистон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд зуд-зуд воқеаҳои даҳшатбор рух дода истодааст. Сокинони маҳаллаҳои наздимарзии ҳамсоякишвари Қирғизистон даст ба бетартибиҳо зада истодаанд,ки боиси марги даҳҳо нафар одамони бегуноҳ гардидааст. Ин хатоҳои содирнамудаи шаҳрвандони ҳамсоякишварамон бисёр як гуноҳи бузургу нобахшиданист. Дар ҷараёни ин ҳодиса хуни шахсони бегуноҳ рехта шуда, чандин кӯдакон бошанд ятиму бе қиблагоҳ монданд ва халқи оддӣ бошад бисёр зарари калони моддию пулӣ диданд.
Аз ҳамин хотир мо миллати сарбаланди тоҷикро мебояд,ки аз имрӯз дида хушёртару зирактар бошему атрофи Президенти мамлакат муттаҳидтар ва баҳри якпорчагии хоки Тоҷикистон ҳамеша омода бошем. Нагузорем, ки нохалафе ба якпорчагии Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми азизамон халал ворид созад. Бо боварии комил метавон гуфт,ки баъд аз гуфтушуниди сарони давлатҳои тарафайн дигар дар байни мардуми қирғизу тоҷик, ки садсолаҳо бо ҳам ҳамсоягӣ ва доду гирифт доштанд аз ин хел ҳодисаҳо даст кашида, барои пешрафту ояндаи дурахшони кишварҳои хеш талош меварзанд.
Асақолов Алиҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин