БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШҲО БАҲРИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бобати дар вазъияти басо мушкили буҳронии баъд аз коронавирус аз ҷумла самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбатҳои фосилавӣ  ташкил намуда, онҳоро бо вазъияти ба амал омада ва истеҳсолу самаранок истифодаи заминҳои наздиҳавлигию президентӣ  огоҳонида истодаанд.

Дар ин навбат масъулони ҳизбӣ бо шарту шароити гармхонаи сокини деҳаи Шӯроободи ҷамоати деҳоти Шӯрообод Зарифов Ёқуб аз назди шинос  гардиданд.

Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки агар дар як навбат  эҳтиёҷоти оилавӣ аз ҳисоби даромади ба дастомада бартараф карда шавад, дар навбати дигар сокинони маркази ноҳия дар муддати чаҳор фасли сол  бо сабзавоти тару тоза  таъмин мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg