ШАҲРИТУС. Маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, оид ба пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус дар ҳавзаи интихоботии №17 Асомуддин Муродов ба ҷои вакили хориҷшуда бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар доираи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ гузаронида шуд.
Маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳавзаи интихоботии №17 Асомуддин Муродов оид ба интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус, номзади як нафар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоев Саъдӣ Хизиралиевич ба ҷои вакили хориҷшуда пешбарӣ карда шуд.