Ш.ШОҲИН. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати дар арафаи моҳи шарифи Рамазон расонидани кумакҳои моддӣ ба шахсони маъюб, оилаҳои ниёзманд ва шахсоне, ки дар ҷараёни муноқишаи сарҳад бо Қирғизистон фавтидаанд ё ҷароҳат бардоштаанд, ҳамчунин иштирокчиёни ҶБВ бо ҷалби саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зери таваҷҷуҳи ҳамешагии фаъолияти худ қарор дода, пайваста кӯшиш менамояд, ки мувофиқи имконият дасти кумак дароз намояд.
Дирӯз бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ , соҳибкорони муваффақ Ҷомиев Дилшод, Каримов Ҷумъахон ва Ҳофизов Сафархӯҷа дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон корҳои хайру сахоро анҷом доданд. Ба Бахтовари Насрулло маъюби гурӯҳи якум, ятими кулл сокини ҷамоати деҳоти Доғистон, деҳаи Доғистон ба маблағи беш аз 350 сомонӣ маводи ғизоӣ кумаки яквақтаина расониданд.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи чунин соҳибкорони хайрхоҳу инсонпарвар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб изҳори қаноатмандӣ намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон пайваста барору комёбиҳоро хоҳон аст.