БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми ҳизб - зиндагии шоистаи мардум ва оромии Ватан

ПАНҶ.  Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳвар  суҳбату мулоқотҳо баргузор  гардида  истодааст.

Ин навбат, дар маҳаллаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Меҳвар бо мардуми заҳматкаши маҳалла  вохӯрӣ  роҳандозӣ карда шуд. 

Мавзӯъҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ин татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал буда,  оид ба  ин мавзӯъҳо масъулони Кумитаи иҷроия суханронӣ намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, ититилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадозода Музаффар  оиди яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар бораи нақш ва саҳми шаҳрвандон, махсусан мардуми заҳматкаши деҳот дар роҳи паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ, ки   манбаи расидан ба зиндагии шоиста ва  ҷойи кори доимӣ мебошад,  ба иштирокчиёни ҷамъомад фаҳмонида дод. 

Мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Атавуллоева Зебунисо дар баромадаш оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки вобаста ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бармеоянд, далелҳои мушаххас овард.

Дар ҷамъбаст, дар маҳаллаи Чорсӯ  ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди аҳли ҷамъомад яке аз фаъолони ҳизб сокини ҳамин маҳалла Умедов Маҳмадраҷаб раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид ва бо пешниҳоди сокинон ташкилоти ибтидоӣ «Чорсӯ» номгузорӣ  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg