БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МУНТАЗАМ БУРДАНИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ, БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ НИҲОӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД

А.ҶОМӢ. Дирӯз низ бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 корҳои тарғиботиро идома доданд.

Зимни мулоқот бо фаъолони ҳизб иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа, алалхусус дар вохӯриашон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Қушониён таъкид намуданд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобастагӣ дорад. 

Бинобар ин самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ аз он иборат аст, ки мардум тамоми сол заминро бояд истифода бурд ва ду-се  ҳосил  рӯёнида барои тирамоҳу зимистони дар пешистода захираҳо намоянд.

Бояд қайд намуд, ки роҳбари кордону пурмасъулият Сунатулло Ашуров, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари корҳои таълиму тарбияи толибилмони муассиса, дар самти самаранок истифодабарии замин низ корҳои назаррасро ҷорӣ намуда, дар ин самт 2 гармхонаҳои хурд  бунёд намуда, аз ин гармхонаҳо сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар намудҳои сабзавотро кишт намуда, ҳамчунон боғпарвариро низ дар ҳолати хуби агротехникӣ роҳандозӣ намудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg