БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ОМИЛҲОИ ХАТАРЗО БА ҶОМЕА

Н.ХУСРАВ. Намояндагони   Кумитаи  иҷроия  дар деҳаи  Орзуи  ҷамоати деҳоти  Фирӯза   бо     ҷавонону  наврасон   хониши сиёсӣ  баргузор  намуда,  қайд  карданд, ки  дар Паёми   имсолаи  Пешвои  миллат дар  баробари  дигар масъалаҳои  муҳим мубориза бо  терроризму ифротгароӣ низ таъкид  шудааст.  Пешвои милат зимни суханронии хеш  иброз доштанд, ки теророризму  экстремизм яке аз  зуҳуроти номатлуби  ҷомеа  ба  шумор  рафта,  тамоми  дунёро ба  ташвиш оварда, бо амалҳои экстремистию  ваҳшонияти  худ, ки  боиси  бадбахтии  ҳазорон  мардумони  бегуноҳ, аз ҷумла  калонсолону  кӯдакон гашта, қатлу  куштор  ва  рехтани  хуни ҳазорон  мардуми  бегуноҳ  мегарданд ва  терроризму  экстремизм –омили хатарзо  ба ҷомеа  мебошад.

Шабакаҳои  иҷтимоӣ ва  дигар  воситаҳои  техникии  муосир  барои  аксари  ҷавонон имрӯзҳо дастрас  аст. Мубаллиғони гурӯҳҳои  ифратгарою  террористӣ аз  онҳо  хело  моҳирона истифода  бурда, мағзи  сари  наврасону  ҷавононро  бо  ғояҳои дурӯғину  харобиовар  заҳролуд мекунанд  ва бо гапҳои пучу ваъдаҳои  ҳавоӣ моил  месозанд.  Ба  ин  гурӯҳҳо  аз  ҳама бештар ҷавонони  бекор  онҳое, ки  бо меҳнати  ҳалол  намехоҳанд  рӯз  гузаронанд, ба  доми  онҳо  меафтанд  ва гумонмекунанд, ки хоҷагони  террорист  дар  оянда  ба  онҳо   зиндагии  серу  пурро  таъмин менамоянд.

Мардуми  шарифи  Тоҷикистон , махсусан  ҷавонону  наврасон бо  нангу  номуси  кишвар  инро  набояд  фаромӯш  кунанд ва бояд ҳамеша  зираку  ҳушёр  бошанд. Вазифаи падару  модарон, омӯзгорон ва  ҳар як фарди  худшиносу  ватандӯст вазифадоранд пеши  роҳи  ҷавонони  гумроҳро  гиранд,  онҳоро  ба  роҳи  рост ба  бунёдкориву  созандагӣ  ҳидоят  намоянд. 

Ҷавонон ин гуфтаҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои пешгирӣ  ва татбиқи амалҳои неку шоиста  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg