БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААНД

Н.ХУСРАВ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болоии  ҳизб ҷиҳати  тарғибу  ташвиқ ва  баргузории  озмунҳои  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст», «Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман» ва  «Илм-фурӯғи маърифат»  миёни  хонандагони  муассиаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ, ташкилоту  муассисаҳо ва  ҷамоатҳои  деҳоти   ноҳия пайваста  корзҳои   фаҳмондадиҳӣ  гузаронида мешавад.

Дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 10 –и ноҳия  бо иштироки  хонандагону  омӯзгорони  муассиса озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст» бо  мақсади баланд  бардоштани   завқи  китобхонӣ,  тақвияти  нерӯи  зеҳнӣ, дарёфти  чеҳраҳои  нави суханвару  сухандон, инкишофи  қобилияти  эҷодӣ, аз  рӯи номинатсияҳои  он  баргузор  гардид.   Аз  байни  57  нафар иштирокчиёни  озмун вобаста  ба  синну  сол  15  нафар ғолиб  дониста  шуда, ба даври  ноҳиявии  озмуни  мазкур  пешбарӣ  гардиданд.

Дар  баргузории  озмуни  мазкур  раиси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  Ализода  Сурайё иштирок  ва  баромад намуда, қайд  кард, ки  мақсад  аз  баргузории  озмунҳо  пеш  аз  ҳама баланд  бардоштани  завқи  китобхонӣ, дарёфти  чеҳраҳои  нави  суханвар, инкишофи  қобилияти  эҷодӣ  мебошад.  

Баргузории  озмуни  мазкур дар  ҳамаи  муассисаҳои таълимӣ, дар байни  кормандони  фарҳанг ва  дигар  табақаҳои  аҳолӣ  бо  маром  идома  дорад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg