Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамарӯза шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбқи амалигардонии онро ба роҳ монда истодаанд.
Масъулин бо аъзо ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Фирўза суҳбату мулоқотҳо
баргузор намуда, нуктаҳои асосии Паёми имсола ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонида доданд. Масъулин таъкид доштанд, ки Роҳбари давлат дар Паёмашон вазъи соҳаҳои иҷтимоиро таҳлил намуда, изҳор намуданд, ки «Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ фарорасида истодааст ҳар як сокини кишвар ба ин санаи муборак бояд саҳми худро гузорад. Пеш аз ҳама ба корҳои ободонию созандагӣ тьаъмиру тармими маҳалли зист ва роҳу кӯчаҳо, муассисаҳои таълимию нуктаҳои тиббӣ, тозаву озода ва рангубор намудани манзилҳои зистамонро ба роҳ монем.