БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ХУРОСОН.  Муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  Саидасрор Ғуломов аз маркази таълими касбомӯзӣ боздид намуд.  

Зимни  мулоқот  мавсуф қайд намуд, ки илм бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Хушбахтона, инро дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон низ ба хубӣ дарк намуда, бо иродаи қавӣ пайи донишандӯзӣ буда, дар баробари ин малакаю дониши хешро дар амал сайқал дода  истодаанд.
Љавонони мо доим мекӯшанд, то бештар ба омӯзиши технологияи компютерӣ  таваҷҷуҳ  намоянду донишҳои нав ба навро аз худ намоянд. Ба тағйироти охири олами техника ва технологияҳои навин назар карда, дар вуҷудашон эҳсосе тӯғён мезад, то мисли дигар ихтироъкорони ҷавони дохиливу хориҷӣ бошанду монанди онҳо дар олами илму техника чизе ихтироъ намудаву ба номи худ сабт кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки: -«Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош менамоянд».

Имсол барои мардуми шарифу сарбаланди кишвари мо соли бисёр муқаддас ва таърихӣ - ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон аст, ки онро якҷоя бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳем кард. Ин неъмати бебаҳоро танҳо бо меҳнати шабонарӯзии содиқонаву софдилонаи мардум, аз ҷумла Мо-ҷавонон метавонем ҳифз намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg