ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои баргузории озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Мо бо шумоем” ҳаматарафа омодагӣ мегиранд. Онҳо ба иштирокчиёни озмун ва омӯзгороне, ки хонандагонро ба озмун тайёр менамоянд, суҳбат доир намуда, онҳоро бо низомномаи озмун шинос менамоянд. Ҳамчунин қобилияти ҳар як иштирокчии озмун пеш аз баргузории ҷамъбасти ноҳиявӣ санҷида шуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Дирӯз чунин санҷиши ҳунарии иштирокчиёни озмун дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.