БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ХОВАЛИНГ

ХОВАЛИНГ. Дар натиҷаи борону жолаи шаби 4 – ум ба 5 –уми моҳи майи соли 2021  ба хоҷагии халқи ноҳияи Ховалинг  зиёни калон расонида шуд.

Боридани борону дар баъзе ҷойҳо жола баъди шом оғоз гардида,  суръати шамолу боридани борону жола дар ҳақиқат ваҳшатангез буд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳама ҷойро  об зер кард. Дар роҳу паскӯчаҳо аз оби борон, ки  чун сел ҷорӣ гардид, имконияти роҳ рафтан намонд.

Сипас, маълум гардид, ки аз ин офати табиӣ кам оилае ёфт мешавад, ки  аз ягон ҷиҳат  зарар надида бошад.

Зарари  офат  бештар ба кишту кори баҳории  мардум расонида шудааст.  Борони сел заминҳои  киштшударо   ба  ҳамвор  ва бо лойоба пӯшонид.  Аксаран   маҷбуранд, ки барои рӯзгузаронӣ дар ин шароити душвори иқтисодӣ  кишти баъзе зироатҳо, ба мисли пиёз лӯбиёгиҳоро аз сари нав гузаронанд.  Суръати вазиши шамол ба биноҳои истиқоматии одамон низ зарари худро  расонидааст.  Хушбахтона талафоти ҷонӣ дида намешавад.

Имрӯз сокинони ноҳия барои бартараф намудани зарар ва оқибати офати табиӣ бо истифода аз имкониятҳо кор карда истодаанд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  имрӯз ҷойи худро дар байни мардум дида,  дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ободонию созандагӣ  ба зарардидагон дар бартараф намудани оқибатҳои офат ёрии амалӣ мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg