БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза бо терроризму экстремизм рисолати шаҳрвандии мо

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинони ҷамоати деҳоти Зарбдор вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва аъзои Кумитаи иҷрияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб, раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор Шомадов Хуршед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саъбагул Валиева аз оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Дар идомаи суҳбат қайд дошт, ки имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳо фаъолият мебаранд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии Ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Дар ин росто мебояд наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.

Шомадов Хуршед дар охир гуфт, ки чунин вазъи пурмоҷаро ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир талаб мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, тамоми мақомоти давлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таҳкими суҳлу субот, истиқлолияти ватани азизамон ва оромиву ободии кишвар саҳм гузорем. Зеро ин масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg