АНДЕША. Соли ҷорӣ ба Ғалабаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ 76 сол пур мешавад. Дар таъмини Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар қатори дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми фиристодагони Тоҷикистон низ хеле назаррас мебошад. Корнамои фарзандони кишвари мо дар таърихи Ғалаба бар фашизм хеле назаррасанд. Фиристодагони кишвари мо якҷоя бо дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар торумор намудани фашизм саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳанӯз дар саршавиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодаи Тоҷикистон Тӯйчӣ Эрйигитов корнамоии Александр Матросови русро такрор намуда, бо қафаси синаи худ яроқи оташфишони душманро пӯшонида, барои ба пеш ҳаракат кардани сарбозон роҳ кушода, қаҳраммонона ҳалок гардид. Баъди вафоташ ӯ бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравии Социалистӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷунин қаҳрамонҳо дар байни фиристодагони кишвари мо хеле зиёданд. Корнамоиҳои онҳо, ҷасорату мардонагиашон хеле назаррас мебошанд. Дар торумори фашизми гитлерӣ ҳазорон нафар фиристодагони кишвари мо иштирок ва мубориза бурда, дар таъмини Ғалаба саҳми босазои худро гузоштанд.
Дар қатори дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистони азизи мо барои шуҷоату мардонагӣ ва корнамоиҳои шахсиашон ба ордену медалҳои ҷангӣ ва унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравии Социалистӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тамоми мардуми сулҳхоҳи сайёра ҳар як сокини давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хотираи дурахшони ҳар як нафаре, ки бар ивази ҷони худ ин Рӯзи Ғалабаро барои мо сокинон таъмин намуданд, сари таъзим фуруд оварда, ҳамчунин ба аксарияти онҳо, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанду барои ин ҳаёти хуррамро ба мо эҳдо кардаанд, арзу сипоси бепоёни насли имрӯзи сайёраро баён намуда, рӯҳи шодашонро орзу менамоем.
Сурайё Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав