БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ДУЧАРХА БАРОИ ШАҲРВАНДОН МАНФИАТБАХШ АСТ

АНДЕША.  Дучарха (велосипед) навъи воситаи ҳаракаткунандае мебошад, ки бидуни сӯзишворӣ танҳо бо қувваи худи инсон то суръати 20-30 км соат ҳаракат менамояд.  Ин намуди техника дар давлатҳои тараққикарда афзоиш ёфта, мардуми шаҳрнишин бештар аз он истифода мебаранд. Барои истифодабарии он мутахассисони соҳа барои ҳар як нафар фоидаи бештарро дақиқ кардаанд. Аз як тараф ҳангоми ҳаракат дар дучарха вазъи саломатии инсон беҳтар гардад, аз тарафи дигар воситаест, ки бе харҷи маблағ ҳар нафар ба ҷойи лозима рафта мерасад. Истифодаи дучарха инчунин ба табиат низ таъсири мусбӣ мерасонад, зеро ин ягона технологияи истеҳсолнамудаи инсоният ба шумор меравад, ки аз худ ба фазо зарар истеҳсол намекунад. Ҳатто дар давлатҳои пешрафта дар кӯчаву хиёбонҳо иҷораи дучарха ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як нафари истифодабаранда бе мушкилӣ бо пардохти ҳаққи хизмат аз он истифода менамояд.

Дар андешае, ки манзури хонанда мегардад, бештар дар бораи истифодабарии дучарха сухан хоҳем гуфт. Ин воситаи ҳаракаткунанда дар шароити имрӯза, яъне болоравии арзиши сӯзишворӣ ба манфиати ҳар як оила мебошад. Бубинед агар дар як хона чор мард бошад ва як нақлиёт бошад, ба ҳисоби миёна онҳо барои истифодаи он ба маблағи то 50-60 сомонӣ сӯзишворӣ харида нақлиётро истифода мебаранд. Инчунин, барои таъмир ва ҳуҷҷатгузории 1 нақлиёт дар як сол  ҳудуди 5-6 ҳазор сомонӣ лозим меояд. Ин маблағҳоест, ки ҳамарӯза харҷ мешавад. Иқтисоддонҳо таъкид мекунанд, ки ҳар як нафар ҳамарӯза харҷашро бояд қайд кунад ва охири сол ӯ медонад, ки харҷи бештар дар кадом иҷрои корҳо маблағи зиёди ӯ сарфа гардидааст. Ман умеду боварӣ дорам, ки нафаре, ки дар хона ду воситаи нақлиёт дорад, харҷашро дар охири сол тафтиш кунад, барояш маълум мегардад, ки чун як оилаи дигар барои ин ду нақлиёт маблағ сарф кардааст. Манзури ман танқиди воситаҳои нақлиёт набуда, истифодаи дучарха ба манфиати ҳар як нафар мебошад. Агар мо бештар барои рафтани бозор, мағоза, ё корҳои дигар аз дучарха истифода барем, барои буҷаи хонаводагии мо маблағ зам мегардад. Дар деҳотҷой бошад, истифодаи сечархаҳо, ки имкони бурдани то 130 кг вазнро дорад, яъне ду халта гандум ё орд фоида бештар ба мардум мерасад. Серчархаҳо низ воситае мебошанд, ки дар деҳаҳо барои истифодаи корҳои хоҷагӣ муҳиманд. Ҳатто дар давлатҳои хориҷ ба воситаи сечархаҳо мусофир низ мекашонанд.

Хуллас, мисолҳо дар ин маврид бештаранд, хуб мешавад, ки ҳар як нафар баъди мутолиаи ин мавод барои саҳмгузорӣ дар паст кардани арзиши сӯзишворӣ, ташакккули тарзи ҳаёти солим, ҳифзи табиат ва пешгирии танбашавии нақлиёт дучархасаворӣ карда, ба дигарон низ фоидаи онро фаҳмонанд.

Сафаралӣ Мирзоев,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg