БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛИ МАРДУМӢ БОЯД БО МАРДУМ БОШАД

АНДЕША. Бо гирифтани овозҳо ба ман муяссар гардид, ки ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ интихоб шавам. Албатта рисолати вакилӣ бузург аст. Ҳар як вакил вазифадор аст, ки мунтазам бо мардум бошаду дар ҳама пастӣ ва баландии ҳаёти онҳо иштирок намояд. Барои пешаравии кори интихобкунандагон бо мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ намояд. Рисолати вакилӣ маро водор месозад, ки мунтазам бо мардум вохӯрӣ гузаронаму мувофиқи шароит ва имкониятҳои мавҷуда ба нафарони эҳтиёҷманд дасти кӯмак дароз намоям.

Барои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо уҳдадорем, ки аз хонаи худ сар карда то бинои кории худро ободу зебо намоем.    Барои дастгирии сиёсати бундёкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи шароит ва имкониятҳои мавҷуда ҷаҳду талош намоем. Мо вакилон бо мардум кор мекунем ва онҳоро пайваста ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб месозем. Ман ҳамчун вакил ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзаи интихоботиам бо интихобкунандагон мунтазам вохӯрӣ доир намуда, дар ҳар як суҳбатҳоям шаҳрвандонро ба корҳои созандагӣ ҷалб месозам.

Дар ин муддат 6  маротиба бо фаъолони деҳа дар мавзӯъҳои “Фаҳмонидани аҳолӣ аз бемории сироятии “коронавирус”, “Фаъолгардонии шаҳрвандон дар иҷрои корҳои созандагӣ”, “Гузаронидани кишти такрорӣ” “Пешгирии марҳилаи дуюми бемории сироятии “коронавирус”, “Ҳашари дастаҷамъӣ –кафолати ободонист” вохӯрӣ доир намудам. Дар вохӯриҳои баргузоршуда  раиси  маҳалла,  директори мактаб, кормандони тиббӣ ва фаъолони деҳа иштирок намуданд. Бо мақсади таблиғу ташвиқи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолӣ 11-маротиба ҳашарҳои  дастаҷамъӣ ташкил ва гузаронида, мардумро ба иҷрои аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” ҷалб намудам.

Инчунин, боз аъзои гурӯҳи вакилӣ мебошам. Дар асоси нақшаи корӣ ҷиҳати дар амал тасдиқ намудани Барнома ва Оинномаи ҲХДТ дар ин муддат корҳои муайянеро ба иҷро расонида, аз ҳисоби даромади худ ба  5 нафар нафарони эҳтиёҷманд, нимятимон ва барои   таъмири купрук ва сангфаршкунии роҳҳо  саҳми худро гузоштам. Мо барои иҷрои амалҳое, ки баҳри ободии диёранд бояд талош намоем ва дигаронро низ ба чунин корҳои хайру сахо ва ободонӣ ҷалб намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg