ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҳфилҳои адабии қироати шеърро бахшида ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ашъори устод миёни хонандагон ба нақша дароварда, амалӣ намуда истодааст.
Маҳфили шеъру адаб дар муассисаи таълимии №12-и ноҳия баргузор карда шуда, дар чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагон аз ашъори устод Мирзо Турсунзода шеър, суруд ва суханронӣ карда шуд.Сипас, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии шомилашавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо барпо гардид.