БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ОЗМУН БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДУ МАЪРИФАТНОКӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА КИТОБХОНӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болои  ҳизб масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  тарғибу  ташвиқ  ва  баргузории озмунҳои  ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст», «Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман» ва  «Илм-фурӯғи маърифат»  миёни  хонадагони  муассиаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия, кормандони  фарҳанг ва  сокинони  ноҳия  пайваста  мавриди  баргузорӣ қарор  доранд.

Ин  навбат  масъулини  Кумитаи  иҷроия бо омӯзгорону  хонандагони синфҳои болоии  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  № 24 озмуни  «Фурӯғи  субҳи  доноӣ китоб  аст»  баргузор намуданд.  Дар  озмун  12  нафар  хонандагон  иштирок  намуданд.

Хонандагон  аз шоиру  нависандогони  муосир  ва адабиёти  ҷаҳонӣ  шеъру  достонҳо  ва   мазмуни  хикояю достонҳои  хондаашон қироат ва  нақл  намуданд. Ҳакамон  3  нафар  иштирокчии  озмунро, ки  ҷойҳои  якум, дуюм  ва  сеюмро гирифтанд,  муайян  намуда,  барои  иштирок  ба  даври  ноҳиявӣ  пешбарӣ  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg