БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛҲО МЕГУЗАРАНД, АММО ЛАВҲАИ ХОТИРАҲО АБАДӢ ХОҲАД МОНД

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, бо иштироки собиқадорони башардӯст, ақибгоҳ ва меҳнат вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Ҳикматулло Султонов ва собиқадори меҳнат дар соҳаи маориф Бердӣ Валиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Олимзода Низора вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бахшида ба  76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, қайд кард, ки  мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем.

Рӯзи фаромӯшнашавандаи Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рӯшноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро мерасад. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи шаҳрӣ Суҳроб Валиев ба сухан баромада, иброз намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg