БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЁТИ САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ ВА ПАДАРАШ РАҲМОНАЛӢ ГАДОЕВ БАРОИ ҶАВОНОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ИБРАТОМӮЗ АСТ

АНДЕША. Бори якум нест, ки  сокинони наздисарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳар баҳона сарҳади Тоҷикистонро дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара дағалона вайрон  намуда,  боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ  даргириҳо  дар сарҳад, ки бо сабаби сарҳадшикании  қирғизҳо ба амал омад,   боиси марги капитани қушунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ,  хатмкардаи  Академияи олии шаҳри Алмаато, ҷавони 28 сола, падари се фарзанди ноболиғ Салоҳиддин Гадоев гардид.

Хабари марги ҷавони ғурамарг   Салоҳиддин Гадоев, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан – Тоҷикистони азиз ҷони худро нисор намуд, барқосо дар тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар зодгоҳаш - деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг паҳн гардид.

Бо сабаби бемории дил доштан марги нобаҳангоми писарашро аз   падараш  - Раҳмоналӣ Гадоев   пинҳон дошта, ӯро бо баҳонае аз шаҳри Душанбе  ба деҳа мефиристанд.

Мардуми деҳа  онҳое, ки аз ҳодиса огоҳӣ доштанд, шаб хоб нарафта,  роҳи байни деҳаро руфта, об зада, ба қабули одамони аз дуру наздик меомада омода намуда буданд.

 Соати 4 ба 5 ҳавлии мотамдорон пуропури одам буд. Вале касе ҷуръат намекард, ки ба соҳибони хона аз ҳодисаи рухдода  забон бикушояд.

Соати 6 –и пагоҳӣ падари шаҳиди роҳи Ватан Раҳмоналӣ  Гадоев ҳамроҳи бародараш Қурбоналӣ аз мошин фаромада, ба одамоне, ки ашки чашмонашон шашқатор ба рӯяшон мерехт, бо суоли “чӣ гап аст ?” муроҷиат намуд.    

Шояд бузургон дар ҳамин ҳолат гуфта бошанд, ки “Худо ин рӯзро ба сари касе наорад”  Мутаассифона, мо шоҳиди он рӯзе шудем, ки ба сари  ин оила омада буд.  Дар ин лаҳзаҳо, ҳолати падару модар ва бародарону  хоҳарони марҳумро, ки  соати 12 ҷасадашро  ба хона оварда расониданд, тасаввур кардан мушкил буд.

Раҳмоналӣ Гадоев гиря мекард. Кадом падар барои фарзанди ғурамарги худ, ки се тифли маъсумро сағир намудааст, намегиряд?  Дар оҳу нолаи  падар, ки  касе худро нигоҳ дошта наметавонист,  боиси ибрат  он буд,  ки гарчанде фарзандро аз даст дода бошад ҳам, боз шукрона мекард. Сари худро паст намегирифт. Бо сари баланд мегуфт, ки фарзанди ман, Салоҳиддини ман ҷони худро барои Ватан, барои якпорчагии он, барои ҳифзи марзу буми он нисор намудааст.  Аҳсан, ба чунин падару модар, ки ба марги номаҳали фарзанд ба се кӯдаки ятимондаи ӯ  нигоҳ накарда, аз роҳи ҳаёти  интихобнамудаи фарзанд, барои Ватан ҷоннисорӣ намудани  ӯ ифтихор менамоянд.

Кош,  ҳамаи падару модарон чун омӯзгори собиқадор Ҳоҷӣ Раҳмоналӣ Гадоев фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷоннисорӣ дар роҳи Ватан тарбия менамуданд.

Бесабаб мо номи мақоларо Ҳаёти Салоҳидин Гадоев ва падараш Раҳмоналӣ Гадоев барои ҷавонон ва падару модарон ибратомӯз аст, нагузоштаем.

Рӯзи мотам аз забони роҳбарони ноҳия, мақомотҳои қудратӣ ва дигарон  шунидем, ки нисбати падари  шаҳиди роҳи Ватан Раҳмоналӣ Гадоев  мегуфтанд: шахси хирадманд, ватандӯсту ватанпарвар будааст. На танҳо дар сухан, балки дар гиряаш ҳам ҳисси дӯст доштани Ватан ва нафрат ба онҳое, ки мехоҳанд, бо зӯрӣ  обу замини моро кашида гиранд, ҳис карда мешавад.  Ана инро ватандору   ватандӯсти асил гуфтан мумкин аст, ки онро бо сухан не, дар амал собит намуд.  

Он нукта мусаллам аст, ки оне, ки касби афсариро интихоб менамояд, дар асл дӯстдори Ватан аст. Омодааст, ки дар ҳифзу нигаҳдории  он ҷону тани худро нисор намояд. Салоҳиддин Гадоев аз ҷумлаи  чунин родмардони диёр буд, ки ҳифзи Ватанро аз ҷони худ азизтар донист.

Боиси қайд аст, ки бародарони Салоҳиддин Аҳрор, Сайдаброр (Баҳром), Холмурод ҳама чун ӯ қарзи фарзандии худро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо намудаанд.  Аҳрор як моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳои хатмкунии донишгоҳ бо хоҳиш ба хизмати Ватан – Модар рафта, баъди аз хизмат баргаштан имтиҳонҳоро месупорад ва соҳиби диплом мешавад.

Ҳаёти ин оила, ҳисси баланди ватандӯстии фарзандони ин хонадон барои ҷавонон ва падару модароне, ки мутаассифона ҳоло ҳам садди роҳи хизмати фарзандонашон  дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мешаванд  ва он ҷавононе, ки бо ҳар баҳона аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сарпечӣ мекунанд, ибратомӯз аст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  тасмим дорад, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо оид ба   ҷоннисории Салоҳиддин Гадоев суҳбатҳо доир намуда, дар рӯҳияи  ҷавонон ва падару модарон дар асоси  ҳаёти ибратомӯзи ӯ ҳисси ватандорию ватандӯстиро тарбия намояд.

Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои абадӣ гардонидани номи Салоҳиддин Гадоев номи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷомбахт” - ро бо номи ӯ номгузорӣ намуданист. Хуб мешуд, ки барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватандорӣ  дар ноҳия ҳам ягон муассисаро  ба номи ӯ номгузорӣ намоянд.

Саидҷалол Сатторов,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg