БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН ЗИНДАГИРО БА ТАНЗИМ МЕОРАД

ДӮСТӢ.  Баҳри ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Марказ"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таълимии деҳа, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар пеш моро иди шарифи Рамазон интизор аст, мо бояд нисбати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиддӣ муносибат карда, аз хароҷоти беҳуда барои дастархонороӣ худдорӣ кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg