БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МО БО ШУМОЕМ” ДАР ХУРОСОН

ХУРОСОН. Дирӯз бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор бо мақсади татбиқи босамару вусъати ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву башарпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии хизби «Эҳё ва дастгирӣ» даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” аз рӯи се номинатсия – маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ баргузор гардид.
Дар озмун кӯдакону наврасони маъюби аз 6 сола то 18 сола ширкат варзида, аз рӯи номинатсияҳои болозикр беҳтаринҳо интихоб гардида, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Дар охир туҳфаҳои таъсиснамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросонро Ғуломов Саидасрор  ба иштирокчиён супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg