БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ АДАБӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 – и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҷамъбасти озмуни адабӣ бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода миёни хонандагони 50 муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ  баргузор гардид.

Дар озмун хонандагон аз рӯи се наминатсия-наминатсияи суханварӣ, наминатсияи қироати шеър аз ашъори шоир,  наминатсияи саҳначаи тарбиявӣ иштирок ва баромад карданд.

Бояд қайд намоем, ки  Наҷот Сафарзода собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Гулхани Восеъ”, Шамси Араб  мушовири забон ва адабиёти шуъбаи маорифи ноҳия ва Сайфиддинов Низомуддин намояндаи Қасри фарҳанги ноҳия озмунро доварӣ карда, ба иштирокдорони фаъол холҳои муносиб гузоштанд.

Дар натиҷаи озмун ҷойи аввалро МТМУ №50-и ҷамоати деҳоти А.Рӯдакӣ, ҷойи дуюмро МТМУ №51-и ҷамоати деҳоти А.Рӯдакӣ ва МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, ҷойи сеюмро МТМУ №31-и ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов ва МТМУ № 12-и ҷамоати деҳоти Тугарак сазовор гардиданд.

Аз тарафи масъулин зикр шуд, ки маҳфили адабие, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, вассофи сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода барпо гардид, барои ташаккули дониши ҷавонон ва пос доштани меъроси гузаштагони худ мусоидат менамояд.

Дар охир ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg