БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ БА ХОНАДОН ФАЙЗУ БАРАКАТ МЕОРАД

БОХТАР. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Бохтар дар якҷоягӣ бо дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор бо савдогарон ва мизоҷони Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” вохӯриву суҳбатҳо доир карда шуд.

Мақсад  аз баргузории чунин вохӯрӣ расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумат, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва хуррамгардонии маҳал, бо меҳнатҳои шоиста пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонқуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирии  хароҷоти беҳудаи дастархонороӣ дар иди Рамазон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, коҳиш додани ҷинояту қонуншиканӣ миёни ҷавонону наврасон, тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мубодилаи афкор карда, аз  шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи иди Рамазон аз сарфу харҷи беҳуда худдорӣ карда, ба ҷойи дастархонороии беҳуда як гӯшаи диёр обод намоянд ё ин ки барои худ шароити хуби зиндагиро фароҳам оранд.

Гурӯҳи  тарғиботӣ бо дастури бевоситаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ташкил шуда, ба он намояндагони тамоми мақомотҳои дахлдори шаҳрӣ шомил буда, дар назар аст, дар дигар бозорҳои шаҳр нуқтаҳои савдо ва фурӯшу марказҳои хизматрасонӣ чунин вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg