АНДЕША. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 76-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.
То ба имрӯзҳо расидан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг буд, беш аз 1418 шабонарӯз идома кард ва ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардид.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.
Гарчанде майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буд, вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд.
Бояд қайд кард, ки рӯзи фаромӯшнашавандаи 9-уми май - Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рӯшноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро расид. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Бекмамадов Асалмамад, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун