
Н. ХУСРАВ. Дар моҳи шарифи Рамазон вобаста ба дастгири қисмҳои осебпазир ва эҳтиёҷманди ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои хайрандешандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон мебошад, масъулини Кумитаи иҷроия амалҳои хайру савобро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дастгирии узви фаъоли ҳизб, вакили ҷамоати деҳоти Наврӯз Эгамбердиев Алҳам, 2 нафар аёдат карда шуда, аз аҳволашон хабардор ва ба онҳо маводи хӯрока кумак расонида шуд.