
ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Саидасрор Ғуломов аз Маркази таълимии касбомӯзи и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварда шуд.
Мавсуф зимни боздид афзуд, ки ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ. Пас аз анҷоми суҳбат Ғуломов Саидасрор ба ҳунару маҳорати занону бонувони ҳунарманди ин боргоҳ баҳои баланд дода, тавсия дод, ки бештар занону бонувони хонашинро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намоянд.