БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-амалисозандаи орзуву ормонҳои мардум

А.ҶОМӢ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқоти судмандро бо сокинони деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсиву оммавӣ гузаронид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, ки вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳал, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб  кардан  аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg