
КӮЛОБ. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби вакили шаҳрӣ – Мирзоалӣ Саидов дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба як нафар сокини маҳаллаи А. Ҷомии шаҳри Кӯлоб кумаки яквақтаинаи молӣ расонида шуд.
Зимни аёдат Гулрухсор Шарифзода зикр намуд, ки ин ҳама дастгирию ғамхориҳо аз ҷониби фаъолони ҳизб ва шахсони саховатпеша дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пайваста нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд ва маъюбу бепарастор ғамхорӣ зоҳир мегардад.