
КӮЛОБ. Аз ҷониби корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева дар якҷоягӣ бо мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нозимова Фаришта ҷиҳати дар амал татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин, ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз амали номатлуби худкушӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳ хараҷотҳои зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, равона шудааст.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии фарзандон масъулияти волидайнро баланд мегардонад.
Инчунин, аз ҳозирин вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла худкушӣ, куштор ва даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ибрози андеша намуданд.