
ЁВОН. Бо ташаббусу дастгириҳои узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, соҳибкори муваффақу ватандӯст Акбари Асадулло ба 56 нафар кормандони миёнаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки яквақтаина расонида шуд.
Кумаки мазкур аз орду равған ва шакар иборат буда, дар моҳи мубораки Рамазон ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа дастрас карда шуд. Кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия иқдоми соҳибкори инсондӯстро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд арзёбӣ намуданд.