БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо мададгори беморону барҷомондагонем!

ҶАЙҲУН. Вобаста ба амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ташкилоти ибтидоии «Идораи пилла» дар ҳамбастагии Ассотсиатсияи ҳизбии «Занони соҳибкори Тоҷикистон» тариқи аксияи хайриявии ҳизбӣ таҳти унвони «Мо мададгори беморону барҷомондагон хоҳем буд!» ба беморони Беморхонаи сил ва таваллудхонаи №3 рафта,  дар ҳузури намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидов қулфинайи тару тоза дар қутиҳои пласткӣ тақдим  намуданд.

Зимни супоридани қутиҳои қулфинай ба беморони беморхонаҳои мазкур Насим Сабурзода, Фарҳод Обидов, раиси ташкилоти ибтидоии «Заводи пилла» Абдуғаффор Раҳмонов ва роҳбари Ассотсиатсияи «Занони соҳибкори Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбонова Гулноза иброз намуданд, ки урфу одат ва анъанаҳои неки гузаштагони миллати тоҷик саршор аз хусусиятҳои башардӯстист. Яке аз анъанаҳои башардӯстонаи миллати мо ин аёдати ҳатмии бемор ва ҳатман хабар гирифтану дилбардорӣ кардани шахсони барҷомонда мебошад. Ҳикмати ин анъана дар он аст, ки инсон дар лаҳзаҳои душвори ҳаёти худ пайваста чашм ба роҳи дӯстон аст ва ба дидору суҳбати онҳо сахт эҳтиёҷ доранд.

Дар охир масъулин ва беморони ду беморхонаи болозикр миннатдории хешро баён карда ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ташкилоти ибтидоии «Заводи пилла» ва Ассотсиатсияи «Занони соҳибкори Тоҷикистон» барои ин иқдоми некашон як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg