
ЁВОН. Дар доираи иқдомҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи мубораки Рамазон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту худшинос, инсонпарвару башардӯст, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Акбари Асадулло аз ҳисоби даромади хусусии хеш ба кормандони Раёсати коммуналии ноҳия кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Кумаки мазкур аз орду равған ва шакар иборат буда, ба 94 нафар кормандони миёнаи Раёсати коммуналӣ, ки имрӯз дар ободонию созандагии шаҳраки Ёвон саҳми назаррас доранд, расонида шуд.