БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги даҳҳазорсола аст

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  вохӯриҳо баргузор шуда истодааст.

Бо  иштироки сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Саидасрор дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12-майи соли 2018 бармеояд, суханронӣ намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ  мавсуф бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, насби  шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» шинос гардида,  ба  шахсони муттасаддӣ ҷиҳати бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд дод.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg